Рӯзи 18 март дар Русия маъракаи интихоботи президенти ин кишвар доир мегардад.

Дар ин рӯз дар 143 кишвари дунё, аз ҷумла дар қаламрави Тоҷикистон низ ду қитъаи овоздиҳӣ боз мешавад.

Дар шаҳри Душанбе шаҳрвандони Русия дар бинои Маркази илму фарҳанги Русия бо суроғаи кӯч. Мирзо Турсунзода, 28 (мавзеи рӯ ба рӯи Asia Grand Hotel) ва дар шаҳри Хуҷанд - дар бинои консулгарии генералии Русия: кӯч. Сирдарё, 21 овоз дода метавонанд. Қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 8 и субҳ то 8-и бегоҳ кор мекунанд.

Дар маъракаи овздиҳӣ шаҳрвандони синни аз 18-сола болои Русия овоз дода метавонанд. Барои раъйдиҳӣ дархости пешакӣ лозим набуда, танҳо пешниҳоди шиносномаи хориҷии шаҳрванди Русия кофист.

Ёдрас мекунем, ки ба сифати номзадҳо дар маъракаи интихоботии президенти Русия 8 нафар - Владимир Жириновский (Ҳизби либералӣ-демократии Русия), Павел Грудинин (Ҳизби коммунисти Русия), Владимир Путин (худпешбаришуда), Григорий Явлинский (Ҳизби Яблоко), Борис Титов (Ҳизби Роста), Сергей Бабурин (Иттифоқи мардумии Русия), Максим Сурайкин (Коммунистони Русия) ва Ксения Собчак (Ташаббуси шаҳрвандӣ) ба қайд гирифта шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.