Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Қазоқистон сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони кумитаҳои оид ба корҳои дин ва рушди сайёҳӣ, директорони Агентиҳои хизмати давлатӣ ва хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон айни замон аз 75 санад иборат аст.

Ба гуфтаи сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов, дар ҷараёни сафар масоили муҳими муносибатҳои дуҷониба ва вазъ дар минтақаву арсаи байнулмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

«Муомилоти мол байни кишварҳо маъмулан аз ҷониби Қазоқистон орд ва гандум буда, замона навгониҳо дар ин соҳа, додугирифти локомотиву автомобилҳоро тақозо мекунад ва табиист, ки роҳу воситаҳои содироти минбаъдаи молу маҳсулоти мо ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд», - иброз доштааст дипломати қазоқ.

Ӯ илова намудааст, ки зимни сафар изҳороти муштараки сарони кишварҳо қабул шуда, се созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо мерасад. Ҳамчунин байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Қазоқистону Тоҷикистон имзои барномаи ҳамкорӣ дар назар аст.

Баъди анҷоми сафари расмӣ рӯзи 15 март президенти Тоҷикистон дар Вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок мекунад.