Қитъаи оводиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Русия дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе серодам буд. Навбати хоҳишмандони раъйдиҳӣ дар қади роҳ то якчанд истгоҳ тӯл кашид.

Тавре аз сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар доданд, дар маъракаи интихоботи соли 2016 ба Думаи давлатии Русия 4338 нафар дар Тоҷикистон раъй дода, дар интихоботи кунунии президенти Русия иштироки аз ин бештари шаҳрвандон дар назар аст.

1/12