Дар шаҳри Фарғонаи ҳамсоякишвари Ӯзбекистон рӯзи 16 июл мулоқоти кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар мулоқот ҳайатҳои ҳар ду ҷониб иборат аз роҳбарони вазорату идораҳо ва сохторҳои пешбари бахши иқтисодии ду кишвар низ иштирок намуданд.

Расулзода ва Орипов масъалаҳои мубрами равобити дуҷониба, пеш аз ҳама ҷараёни омодагӣ ба мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. 

ВКХ ҶТ

Дар мулоқот, инчунин мавзӯи татбиқи тавофуқномаҳое, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистион (моҳи марти соли равон) ва мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳосил шуданд, барррасӣ гардида, ҷонибҳо таъсири баланди тамосҳои ҷориро дар сатҳ ва самтҳои мухталифи равобити дуҷониба махсус зикр намуданд.  

Бо қаноатмандӣ ёдоварӣ шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар нимсолаи аввали соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 фоиз афзоиш ёфтааст.

Таъкид гардид, ки иқтисоди ду кишвар такмилкунандаи якдигар буда, ба шарофати наздикии ҷуғрофӣ ва хароҷоти пойини боркашонӣ, дорои имконияти рақобатпазирӣ мебошад.  

Бо ҳадафи фаъолсозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки бо баргузории нишасти навбатии Шӯрои соҳибкорӣ, шароити муносиб барои фаъолияти доираҳои соҳибкории ду кишвар дар қаламрави Тоҷикистону Ӯзбекистон фароҳам оварда шавад.   

Ҷониби Ӯзбекистон аз пешниҳоди баргузории Намоишгоҳи миллӣ-саноатии “Истеҳсоли Тоҷикистон” ва Форуми муштараки соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ш. Тошканд зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол намуд.  

Сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон бо таъкид бар аҳамияти ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангӣ-гуманитарӣ тавофуқ ҳосил карданд, ки дар мавриди баргузории чорабиниҳои вобаста ба таҳкими алоқаҳои бародарӣ байни халқҳои тоҷику ӯзбек муштаракан фаъолият намоянд.

Ҷонибҳо бори дигар пойбандии худро ба таҳкими бештари равобити дуҷониба дар ҳамаи самтҳо ва омодагӣ баҳри амалисозии чораҳои зарурӣ барои боз ҳам муассир ва пурмаҳсул кардани ин равобит мавриди таъкид қарор доданд. 

Сарвазирон изҳори боварӣ намуданд, ки мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон равобити  ду давлатро ба сатҳи нав бароварда, уфуқҳои тозае барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои манфиатбахш миёни давлатҳо ва халқҳои ду кишвар боз хоҳад кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.