Муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) Ҳикматулло Саидиён аз мансаб барканор ва муовини дигари пешвои ҳизб Аҳмадшоҳ Комилзода аз сафҳои ҲДТ хориҷ шуд.

Онҳо ният доштанд, ки раиси ҲДТ, вакили палатаи поёнии парлумон Саидҷаъфар Усмонзодаро аз вазифааш озод кунанд.

Бино ба гуфтаи як манбаи “Азия-Плюс” дар ҲДТ, Саидиён ва Комилзода пинҳонӣ дар хонаи яке аз фаъолони ҳизб ҷамъ шуда, аъзои раёсатро ба даст кашидан аз иштирок дар ҷаласаи Шӯрои олии ҳизб рӯзи 30 сентябр водор мекардаанд, лекин ин кор ошкор шуда, дар ҷаласаи Шӯрои олии сиёсӣ аз 17 нафар аъзои раёсат 13 нафар ҳузур доштаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонов дар ин робита изҳор намуд, ки барои иштироки ғайрифаъол дар кори ҳизб муовинонаш аз мансабҳо барканор шудаанд. Ӯ доир ба қазияи аз мансаб барканор шуданаш суҳбат кардан нахост.

“Ҳикматулло Саидиён омӯзгор аст, дар кори Шӯрои сиёсии ҳизб фаъолона иштирок намекард. Комилзода бошад, ба сурати умум дар кори Шӯрои сиёсӣ иштирок намекард”, - изҳор намуд Усмонзода.

Ҳизби демократи Тоҷикистон соли 1991 таъсис ёфта, раиси аввали он Шодмон Юсуф буд, ки феълан дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия зиндагӣ мекунад. Баъди имзои Созишномаи ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ҳизбро Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба роҳбарӣ гирифт.

Охири соли 2006 пас аз ба муҳлати 23 соли зиндон маҳкум шудани Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Вазорати адлияи Тоҷикистон Масъуд Собировро раиси нави ҲДТ эътироф кард. Ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуд, ки якеро Саидҷаъфар Исмонов ва дигареро Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲДТ роҳбарӣ мекарданд.

Дар анҷумани ғайринавбатии ҲДТ моҳи декабри соли 2012 Саидҷаъфар Исмонов раиси ҳизб интихоб шуд. Он замон ба ин вазифа Саидҷаъфар Исмонов ва Равшанбек Аҳмедов довталабӣ мекарданд. Аксари вакилон (85 нафар) номзадии Исмоновро пазируфтанд. Мамлакат Ҷайчиева, раиси кумитаи тадорукоти анҷуман аз иштирок дар интихоби раиси нави ҲДТ даст кашид.

Қобили зикр аст, ки Ҳизби демократии Тоҷикистон имрӯз дар сафҳояш ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид мекунад.