Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта 75-солагии таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид ҷашн гирифта мешавад. Ҷашн бо вохӯрии ҳамасолаи сарони кишварҳо оғоз гардид. Лекин бо сабаби пандемия чорабинӣ бештар бо шакли виртуалӣ ҷараён дорад. Дар толори бузурги Маҷмаи Умумӣ аз ҳар як кишвар як намоянда ҳузур дорад, то ки масофагирии иҷтимоӣ риоя шавад. Сарони кишварҳо тариқи алоқаи видеоӣ суханронӣ карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон зимни суханрониаш изҳор дошт, ки Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун сохтори бонуфуз ва беназири байналмилалӣ ташаккул ефта, тавонист ба як платформаи муҳимму фарогири ҳалли мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ табдил ёбад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки фаъолияти он вобаста ба тағйирёбии босуръати вазъ дар арсаи байналмилалӣ ва вусъат пайдо кардани чунин таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва бемории сироятии коронавирус бори дигар аз он шаҳодат дод, ки аксари кишварҳои дунё ба таҳким бахшидани муносибатҳои бисёрҷониба ниёз дошта, дар ин ҷода СММ-ро ҳамчун шарики боэътимод мебинанд.

“Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, бахусус дар пасманзари афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ мо бояд барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи инсоният ҳамеша омода ва муттаҳид бошем ва дар ҳалли тамоми мушкилоти глобалии сайёра пайваста бо ҳам ҳамкории густурда намоем, - гуфт ӯ. - Ҷашни 75-солагии Созмон ба марҳилае рост меояд, ки ҷаҳонро таҳдиду хатарҳои бесобиқа фаро гирифтаанд ва инсоният танҳо тариқи муколама ва ҳамкории глобалӣ метавонад, дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир муваффақ бошад”.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ният дорад, ки саъю талошҳоро ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои созанда дар масоили марбут ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим муштарак бо дигар кишварҳо тақвият бахшида, дар баробари ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонӣ, барои ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъ дар соҳаи тандурустӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

Дар охири суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити хатару таҳдидҳои шиддатёбанда вокунишҳои бетаъхир бар пояи ягонагӣ, ҳамдилӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи судмандро даъват намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.