Муколамаи дуввуми Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ (ОМ) дар формати рақамии видео-конфронс 28 октябри соли 2020 таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид. Вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва инчунин Муовини аввали Вазири корњои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон, дар вохӯрӣ ширкат варзиданд. Иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҷаласа ба ҳайси даъватшудаи махсус ширкат варзид.

Вазирон ба нахустин Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ, ки 13 январи соли 2019 дар Самарқанд (Узбекистон) баргузор гардид, дар ташкили платформа барои таҳкими ҳамкориҳо байни Ҳиндустон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, амният, иқтисод ва савдо, шарикии рушд, самтҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ ва ҳамчунин мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ва густариши ҳамкорӣ дар доираи СММ ва дигар форумҳои бисёрҷониба, баҳои баланд доданд. Вазирон даъват карданд, ки шарикии ҳамаҷониба ва устувори Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ дар заминаи мероси муштараки пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ ва равобити наздики байнимардумӣ, ба роҳ монда шавад.

Вазирон зарурати идомаи ҳамкории зичро дар байни хадамотҳои санитарию эпидемиологии миллии Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар мубориза бо пандемияи Ковид-19, таъкид карданд. Вазирони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон кумаки башардӯстонаи тиббии Ҳиндустонро ба кишварҳои худ дар мубориза бо пандемияи Ковид-19 эътироф карданд.

Вазирони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ хатти қарзии аз ҷониби Ҳиндустон пешниҳодшавандаро дар ҳаҷми як миллиард доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки рушд дар соҳаҳои, ба монанди роҳҳо, энергетика, ТИ, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ ва ғайра, истиқбол намуданд. Онҳо инчунин пешниҳоди Ҳиндустонро дар бораи расонидани кумаки грантӣ барои татбиқи Лоиҳаҳои Таъсири Рушди Баланд дар Ҷамоатҳо (HICDP) барои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа, истиқбол карданд.

Сурат: Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон

Вазирон аҳамияти талошҳои муштаракро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла мусоидат ба робитаҳои мустақими тиҷоратии Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъкид карданд. Дар ин робита, Вазирон Шӯрои соҳибкорони Ҳиндустон ва Осиёи Марказиро (ICABC) дар Деҳлӣ, ки 6 феврали соли 2020, иборат аз Федератсияи Палатаҳои савдо ва саноати Ҳиндустон, Ҷамъияти саҳҳомии "Kazakh Invest", Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Қирғизистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Туркманистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ифтитоҳ ёфт, истиқбол намуданд.

Вазирон таъкид карданд, ки ҳамчун як ниҳоди B2B дар доираи муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ, ICABC бояд робитаҳои тиҷориро пеш барад, фаҳмиши бештарро дар бораи андозбандӣ, қоидаҳои тиҷорат дар Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд кунад ва тиҷорат, савдо ва сармоягузориро, алалхусус дар соҳаи Корхонаҳои хурд ва миёна,  ҳавасманд намояд.

Вазирон аҳамияти роҳандозии пайвастшавии роҳҳоро барои рушди тиҷорат ва густариши равобити байнимардумӣ байни Ҳиндустон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, таъкид карданд. Вазирон манфиатдории бардавоми худро дар рушди минбаъдаи нерӯи транзитӣ ва нақлиётии кишварҳо, такмил додани шабакаи логистикии минтақа ва пешбурди ташаббусҳои муштарак оид ба ташкили долонҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, иброз намуданд. Дар ин робита, Вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯшишҳои Ҳиндустонро барои навсозии зерсохтори бандари Чабаҳор дар Эрон, ки он метавонад њамчун як пайванди муҳим дар иртибототи тиҷорӣ ва нақлиётӣ байни бозорҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ гардад, қадр карданд.

Вазирон терроризмро дар ҳама шаклу зуҳуроташ маҳкум карданд ва азми катъии мамлакатхои худро дар мубориза бо таҳдиди терроризм ва инфрасохтори террористӣ, шабакаҳои террористӣ ва каналҳои маблағгузоии он, таъкид доштанд. Онҳо инчунин таъкид карданд, ки ҳар як кишвар бояд кафолат диҳад, ки қаламрави он барои ҳамлаҳои террористӣ алайҳи дигар кишварҳо истифода намешавад.

Вазирон иштироки Афғонистонро дар Муколамаи Ҳиндустон - Осиёи Марказӣ, истиқбол карданд. Онҳо даъват карданд, ки низои Афғонистон дар асоси принсипи раванди сулҳи таҳти сарварии Афғонистон, аз ҷониби худи Афғонистон ва таҳти назорати худи Афғонистон, ҳал карда шавад. Вазирон ҳавасмандии худро ба таҳкими ҳамкорӣ барои рушд ва таҷдиди иқтисодии Афғонистон, аз ҷумла тавассути татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, энергетикӣ, транзит ва нақлиёт изҳор карданд. Онҳо инчунин ба ҳифзи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва дастовардҳои сиёсии Афғонистон дар 19 соли охир таъкид карданд. Вазирон ҷумҳурии муттаҳид, соҳибихтиёр ва демократӣ гардидани Афғонистонро, дастгирӣ карданд.

Вазирон таваҷҷӯҳро ба иқтидори назарраси ташаббусҳои муштарак дар татбиқи чорабиниҳои фарҳангӣ, лоиҳаҳои маърифатӣ ва илмӣ бо иштироки Афғонистон ҷалб намуда, нияти худро ҷиҳати ҷалби иштироки ҷониби Афғонистонро дар форумҳои байналмилалии љавонон, фестивалҳо, озмунҳо, конфронсҳои илмӣ, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои муштарак, изҳор доштанд.

Сурат: Сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон

Вазирон аҳамияти ҳамкориҳои башардӯстона, фарҳангӣ, маърифатӣ ва сайёҳии Ҳиндустон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро қайд карданд. Афзудани воридоти сайёҳӣ, эҷоди роҳҳои туристӣ дар саросари минтақа, содда кардани раванди раводид ва ҳавасманд кардани сармоягузорӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ таъкид шуд. Бо назардошти шумораи зиёди донишҷӯён аз Ҳиндустон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳамдигар таҳсил мекунанд, Вазирон аҳамияти таъмини некӯаҳволии иљтимоии онҳоро таъкид карданд.

Вазирони кишварҳои Осиёи Марказї  мизбони ҳайати ВАО-и Осиёи Марказиро дар Ҳиндустон дар моҳи апрели соли 2019, омӯзиши дипломатҳои Осиёи Марказӣ дар Донишкадаи Хадамоти Хориҷии Сушма Свараҷ дар Деҳлӣ дар моҳи июли соли 2019 ва Фестивали солонаи байналмилалии рақс бо диққати махсус ба Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Шӯрои равобити фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) дар Деҳлӣ моҳи декабри 2019 баргузор гардид, баҳои баланд доданд.

Вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Вазири корњои хориљии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои баргузории бомуваффақияти Муколамаи дуввуми Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ, изҳори миннатдорӣ карданд. Вазирон ба мувофиқа расиданд, ки баргузории мулоқоти солонаи Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказиро бо иштироки Афғонистон, навбат ба навбат дар Ҳиндустон ва кишварҳои манфиатдори Осиёи Марказӣ, идома хоҳанд дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.