Баъди аз вазифа озод шудани Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамаи муовинони ӯ ва раисони ноҳияҳои пойтахт низ иваз ба ҷойи онҳо шахсони нав таъин шуданд, ки миёни онҳо собиқ вазири тандурустӣ низ ҳузур дорад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъини муовини аввал ва дигар муовинони раиси шаҳри Душанберо маъқул шуморид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо Амри Президенти Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд аз вазифаи Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ озод гардида, барои таъин ба вазифаи муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе розигӣ дода шуд. Директори нави Дирексия Раҷабалӣ Саидвализода таъин шуд.

Бахтиёр Назирмадзода, Мавсума Муинӣ, Қурбон Саидзода ва Фаррух Ҷумъазода муовинони раиси шаҳри Душанбе таъин шуданд. Қаблан Бахтиёр Назармадзода ба ҳайси мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва Мавсума Муинӣ ба сифати муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ фаъолият доштанд.

Дар ҳамин ҳол, бо Фармонҳои Президенти ҶТ Ализода Саиднуриддин Акрам аз вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Қурбонов Аламхон Ҷамилович аз вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Сиёмардзода Сайдамир аз вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод карда шуданд.

Бо Фармони Президенти ҶТ Салимзода Нусратулло Файзулло (собиқ вазири тандурустӣ) иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,  бо Қарори Ҳукумати ҶТ Самӣ Шариф Ҳамид (собиқ Директори Муассисаи давлатии "Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун") иҷрокунандаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва ҳамчунин бо Фармони Президенти ҶТ Ҳакимзода Низом Ҳоҷӣ иҷрокунандаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардиданд.

Раисони нави ноҳияҳои пойтахт
Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ Олимзода Насим Хоҷа аз вазифаи муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ озод ва бо Фармони Президенти ҶТ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати ҶТ Ҷаъфаров Наврӯз Ҷунайдуллоевич аз вазифаи муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ озод гардид.  Бо амри Президент Раҷабалӣ Саидвализода Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ таъин шуд.

Гуфта мешавад, ҳамаи кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ ва масъули шаҳри Душанбе таъин гардиданд, ҷавону корозмуда, донандагони забони хориҷӣ буда, дар фаъолияти худ дар соҳаҳои гуногун дараҷаи баланди касбият, малакаи хуби роҳбарӣ нишон дода, дар ҷомеа соҳиби обрӯ ва эҳтиром гардидаанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи онҳое, ки масъулияти роҳбариро дар зинаҳои гуногуни ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе ба зимма гирифтанд, талаб намуд, ки дар чаҳорчӯбаи Қонун, Қарорҳои Ҳукумати ҶТ ва дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд, фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар шаҳру ноҳияҳои пойтахт боз ҳам пурзӯр намуда, бо дасту дилу нияти пок дар хизмати мардум бошанд.

«Садоқат ба Ватан, хизмати софдилона ба мардум, заҳмат ба хотири ободиву сарсабзии пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, таъминоти аҳолӣ бо нақлиёт, гармӣ, нерӯи барқ ва дигар ниёзмандиҳои мавриди аввали мардум аз вазифаҳои асосии ҳар як роҳбар ба ҳисоб рафта, бояд дар ин самт назорати ҷиддӣ ва масъулияти баланд эҳсос намоед», - таъкид намудааст Роҳбари давлат.