Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллар мулоқот карда, дар вохӯрӣ масоили вазъи кунунӣ ва густариши ҳамкориҳои пойтахти Тоҷикистон бо ниҳодҳои гуногуни ИМА баррасӣ шуданд.

Зимни ин мулоқот соҳаҳои ҳамкории мутақобилан судманд, минҷумла фаъолияти ҳамкориҳои ду бародаршаҳр - Душанбе ва Боулдер таҳти баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо аҳамияти ҳамкории ин ду бародаршаҳрро таъкид карда, омодагии худро барои давом додани муносибатҳои дуҷониба дар ин ҷода изҳор намуданд.