Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати  Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) таҳти роҳбарии Ноиби якуми Президенти Бонки номбурда Филипп Беннетт мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, иштирокчиёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои БАТР бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баррасӣ карданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дастгирии лоиҳаҳои бахши хоҷагии манзиливу коммуналии шаҳрро аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои ҳамкорӣ маънидод карда, оид ба баланд бардоштани сатҳи робитаҳо дар самти татбиқи тарҳҳои сармоягузории беҳтар гардонидани инфрасохтори шаҳр ибрози назар карданд.

Таъкид гардид, ки тарафҳо дар татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои обтаъминкунӣ, нақлиёти мусофирбарии ҷамъиятӣ, идораи партовҳои сахти маишӣ ва дигар бахшҳои инфрасохтори коммуналӣ ҳамкорӣ намуда, маблағи умумии сармоягузории БАТР ба иқтисодиёти Душанбе то имрӯз беш аз 18,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда чандон қонеъкунанда намебошад.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин дастгирии бахши хусусӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, азнавсозии роҳҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуда, дастгирии молиявии БАТР дар амалигардонии стратегияи таҷдиди корхонаҳои саноатӣ зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо ёдовар шуданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ҳанӯз имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуданд ва изҳори итминон гардид, ки роҳбари тозаинтихоби намояндагии Бонк дар ҶТ  Айтен Рустамова дар амалисозии тарҳҳои муштараки инфрасохтори шаҳр нақши созгори худро мегузорад.