Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати ҳадди ниҳоии синнусоли ба нафақа баромадани кормандони хадамоти гумрукро се сол зиёд мекунад. Имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумон тағйироти дахлдорро дар ин хусус қабул карданд.

Ҳамин тариқ, синни ба нафақа баромадани кормандони хадамоти гумрук дар рутбаи аз сержант то капитан - аз 50 то ба 53 сол, аз майор то ба полковник - аз 55 то ба 58 сол ва ҳайати генералӣ - аз 60 то ба 63 сол боло бурда шуда, меъёрҳои муқарраршуда ҳам ба мардон ва ҳам ба занон дахл доранд.

Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб зарурати ворид намудани тағироти мазкурро ба сарфаи воситаҳои буҷет дар шароити буҳрони молиявӣ асоснок кард.

Ӯ қайд кард, ки музди меҳнати моҳонаи кормандони хадамоти гумрук дар вазифаи нозир 1037 сомониро ташкил дода, ҳангоми ба нафақа баромадан дар синни 50-солагӣ бо назардошти 25 сол собиқаи кор, ба ин корманд дар ҳаҷми 830 сомонӣ нафақа таъин мешавад ва дар сурати боло бурдани синни нафақа боз ба се соли дигар, аз ҳисоби як корманд дар вазифаи нозир беш аз 30 ҳазор сомонӣ воситаҳои буҷет сарфа мешавад.