Мақомоти шаҳрдории Душанбе сокинони фаъолу ташаббускори пойтахт, намояндагони илм ва тиҷоратро ба иштирок дар таҳияи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 даъват мекунад.

Дар маълумоти дар ин робита интишоршуда дар сомонаи шаҳрдорӣ қайд мешавад, ки бар асоси қарори раиси пойтахт аз 5 апрел таҳияи барномаи зикршуда аз ҷониби гурӯҳи корӣ оғоз гардидааст.

«Аз ин лиҳоз бо дарназардошти фикру мулоҳиза ва  таклифҳои созандаи сокинони шаҳр ва ба вуҷуд овардани шароити мусоид ҷиҳати бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешниҳодҳои созанда ва креативии сокинони шаҳрро ба Гурӯҳи корӣ тариқи почтаи электронии [email protected] ё бо телефони 987 - 96 - 00 - 00 хоҳиш менамоем», - омадааст дар маълумот.