Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ», ки имрӯз аз ҷониби палатаи поёнии парлумон маъқул шуморида шуд, беш аз 19 ҳазор нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ҳатман ба Ватан савганди садоқат ёд мекунанд.

Ба ақидаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, пешвои Ҳизби демократи ҷумҳурӣ Саидҷаъфар Усмонзода,савгандёдкунӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ масъулияти онҳоро зимни иҷрои вазифаҳои худ бештар мекунад.

Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар ҳолати рост истодан паҳлӯи Парчами давлатӣ ва гузоштани даст болои Конститусияи ҷумҳурӣ савганд ёд мекунанд.

Қаблан танҳо президенти мамлакат ва кормандони сохторҳои қудратӣ савганди садоқат ёд карда буданд.

Мутобиқи тағйироти моҳи майи соли гузашта қабулшуда ба Конститутсияи ҷумҳурӣ, аъзои ҳарду палатаҳои парлумон ба мардум ва аъзои ҳукумат ба президенти ҷумҳурӣ савганди садоқат ёд мекунанд.

Дар низоми хизмати давлатии Тоҷикисон ба аввали соли 2017 беш аз 19 ҳазор нафар хизматчиёни давлатӣ кор мекарданд, ки 4200 нафар ё худ 22%ашро занон ташкил медиҳанд.