Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи санаи 18 май даъват шудани иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қарор ба имзо расонид.

Тавре ёвари раиси Маҷлиси миллӣ Наврӯз Қурбонзода хубар дод, бо қарори Шӯрои палатаи болоии палумон вакилон тағйироту иловаҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда ба қонунҳо «Дар бораи Суди конститутсионии ҶТ»,  «Дар бораи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ», «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» ва ҳамчунин ба Кодекси тандурустиро баррасӣ мекунанд.