Имрӯз дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба баррасии масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат машварати корӣ баргузор шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат масоили марбут ба тағйироти кадрӣ дар мақомоти прокуратура ва Агентии назорати маводи нашъаовар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар мувофиқа бо Президенти ҶТ прокуророни шаҳру ноҳияҳои Ванҷ, Данғара, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ, Сарбанд, Истаравшан, ноҳияи Варзоб, муовини прокурори шаҳри Душанбе, сардори Раёсати кадрҳо ва сардори Шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории андози Прокуратураи генералӣ ва Прокурори нақлиёти вилояти Суғд таъин карда шуданд. Ҳамчунин як қатор сардорони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ таъин гардиданд.

1/8

Ҳамчунин дар машварат бо қарорҳои ҳукумати ҶТ Директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа” ва муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати ҶТ таъин гардиданд.

Ғайр аз ин, дар машварат масъалаҳои рӯзмарраи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла гузаронидани кишти такрорӣ, таъмини бозорҳои мамлакат ва махсусан шаҳри Душанбе бо маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, тайёрии ҷиддӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ ва тадбирҳои тақвиятбахшии таъминоти пойтахти мамлакат бо нерӯи барқ ва гармӣ, фаъолияти бонизоми соҳаи маориф, хусусан кори Маркази миллии тестӣ, ҷамъбасти соли хониш, ташкили истироҳати тобистонаи мактаббачагон ва дастгирию кӯмаки ҳаматарафаи ятимону бепарасторон ва дигар эҳтиёҷмандон низ баррасӣ гардид.