Палатаи болоии парлумон рӯзи 12 июл аз ташаббуси вакилони палатаи поёнӣ дар бораи ба сохторҳои қудратӣ додани ҳуқуқи дастрасии маълумот доир ба аз кадом сомонаҳо боздид кардани шаҳрвандон ҷонибдорӣ намуд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала дар иҷлосияи 11-уми Маҷлиси миллӣ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, узви Маҷлиси миллӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ пешниҳод намуд, ки ба қонун «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар ин робита тағйироти дахлдор ворид карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки вакили палатаи поёнии парлумон Ҷӯрахон Маҷидзода санаи 7 июн зимни суханронӣ дар минбари парлумон изҳор дошта буд, ки тоҷикистониён аз ифротгароён ва террористон бо даъвати пайвастан ба онҳо  ҳамарӯза то 90 ҳазор SMS-паёмакҳо мегиранд.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз беш аз 3 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба шабакаи интернет дастрасӣ доранд ва зиёда аз 80 фоизи онҳо аз сомонаҳои номатлуб боздид мекунанд, ки ба созмонҳои ифротгаро ва террористӣ тааллуқ доранд.

Дар ин робита вакил пешниҳод намуд, ки ба қонун «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» тағйирот ворид гардад. Мутобиқи он акнун баъди тасдиқ дар палатаи болоӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ ба дастрасии маълумот дар бораи шахсоне, ки аз сомонаҳои «номатлуб» боздид мекунанд, ҳуқуқ пайдо мекунанд.