Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиаш танбеҳ эълон кард. Мудири идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳия, ки аз кор озод шуда буд, ба вазифаааш барқарор шуд.

Ёдрас мекунем, ки як иштибоҳи доиранавозони гурӯҳи “Очаҷонҳо” ҳангоми истиқболи президент дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сабаби барканории раиси идораи кор бо занони ин ноҳия Зиёда Саломова шуда буд.

Хадамоти матбуоти сарвари давлат дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки дар баъзе расонаҳои иттилоотӣ ибтидо аз рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ таҳти унвони "Баромади ансамбли дойранавозон боиси аз вазифа сабукдӯш гардидани раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Хуросон гардид" ба нашр расида, атрофи ин мавод фикру мулоҳизаҳои нодуруст, аз ҳақиқат ва асли воқеа дур дарҷ гардиданд.

Зикр мегардад, ки сафарҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагӣ ва мулоқоти ошкоро бо сокинони шаҳру навоҳии мамлакат сурат мегирад, на барои баҳодиҳии сатҳи маросимҳои истиқбол, ки мардум аз сари сидқу вафо ва самимият Пешвои худро истиқбол мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи гузаронидани тафтиши хизматӣ муайян карда шуд, ки зимни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ягон эрод ё изҳори норозигӣ нисбати фаъолияти гурӯҳи зикргардида нашуда буд.

«Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода дар баробари дигар камбудиҳо Зиёда Саломоваро аз вазифа сабукдӯш намудааст, - омадааст дар хабар. - Новобаста ба ин, Зиёда Саломова ба вазифаи пешинааш барқарор гардида, бо Амри Президенти Тоҷикистон ба раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Раҳматулло Сафарзода бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиаш "танбеҳ" дода шуд».