Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 13 сентябр бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварда, нахуст бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Шикеф-Қалъаи Хумб оғози расмӣ бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дарозии қитъаи роҳи автомобилгарди Шикеф-Қалъаи Хумб 26 километр буда, он тибқи талаботи замони муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта мешавад ва барои хизматрасонӣ дар давоми солҳои зиёд пешбинӣ шудааст.

Дар асоси лоиҳаи таҷдиди қитъаи роҳи автомобилгарди Шикеф-Қалъаи Хумб сохтмони як адад пул бо дарозии 22 метр ва дар мавзеи хавфноку мушкилгузар бунёди нақб ба масофаи 330 метр ба нақша гирифта шудааст.

Маблағгузории лоиҳаи роҳи мошингард дар масофаи 26 километр бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Исломии Рушд, Фонди рушди Саудӣ, Фонди Кувайтии рушди иқтисодии араб, Фонди ОПЕК ва Фонди Абу Дабӣ амалӣ мегардад.

Президент ба сохтмони қитъаи роҳи мошингарди Шикеф-Қалъаи Хумб оғоз бахшид.
Акс аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Худи ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияи Дарвоз ва фаъолони вилоят мулоқоти самимӣ доир карда, таъкид дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати пешрафти ноҳия ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинон Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Дарвоз барои солҳои 2015-2019 амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он 217 лоиҳа ба маблағи 197 миллион сомонӣ татбиқ карда мешавад.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинону ноҳияи Дарвоз Сарвари давлат зикр кард, ки бунёди роҳҳои мошингард дар шароити кӯҳсори кишвар ниҳоят душвор ва сарфи маблағҳои зиёдро талаб намуда, хусусан, беш аз 60 фоизи роҳҳои қаламрави ноҳияи Дарвоз, ки дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошанд, аз канори қаторкӯҳҳои мушкилгузар ва соҳилҳои пурпечутоби дарёи Панҷ мегузаранд.

1/8

Дар мавзеи Яхчисори ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои навбунёд, ки барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида бунёд гардидаанд дар фазои тантанавӣ ба истифода дода шуд. Бинои хонаҳои истиқоматӣ якошёна буда, ҳар яке аз он дорои чор ҳуҷраи алоҳидаи зист аст.

Дар маҳаллаи навбунёд ҳамзамон аз ҷониби Президенти Тоҷикистон мактаби нав – муассисаи таҳсилоти миёнаи №54 ба истифода дода шуд. Муассисаи нави таълимӣ бо харҷи бештар аз 800 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дар ду баст барои 300 нафар пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар ин маҳалла бунгоҳи нави тиббӣ низ ба фаъолият оғоз намуд.

Дар фарҷоми сафар Эмомалӣ Раҳмон дар Истироҳатгоҳи "Чорчаман"- и ноҳияи Дарвоз аз намоишгоҳи кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои дастӣ боздид кард. Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки  расму анъанаҳои мардуми кӯҳистонро таҷассум мекарданд, ба маъраз гузошта шуда буданд.