Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Деваштичи вилояти Суғд, Рашт, Нуробод, Лахш ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат раисони ноҳияҳои номбурда ба Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода ва иҷрои дигар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот доданд.

Сарвари давлат диққати роҳбарони ноҳияҳоро ба иҷрои саривақти корҳо, кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин, ҷамъоварии беталафи ҳосил, аз ҷумла ғунучини картошка ҷалб намуд.

Ҳамчунин доир ба захираи хӯроки чорво, маводи сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои тандурустию маориф бо ангишт ва дигар маҳсулоти зарурӣ, иҷрои корҳои созандагию ободонӣ ни дастуру супоришҳо дода шуд.

Президенти мамлакат таъкид намуд, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо бояд барои ба мардум расондани ҳадафҳои созандаи роҳбарияти давлату ҳукумат, риоя ва дар амал татбиқ кардани қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.