Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонии пойтахт ва Варзоб бо лоиҳаҳои бунёди Терминали муосири нақлиётӣ, азнавсозии “Кӯли Варзоб”, сохтмони Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Дуои Модар” ва корҳои созандагӣ дар мавзеи “Сафед-дара” шинос шуда, барои оғози лоиҳаҳо асос гузоштанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, терминали нақлиётӣ дар қисми шимолии шаҳри Душанбе дар масоҳати умумии 5,80 гектар ба нақша гирифта шуда, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар самти Ғарбии шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, назди соҳили дарёи Варзоб ва чорроҳаи Чорбоғ бунёд хоҳад гашт.

Сипас дар маҳалли дигари ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Президенти мамлакат ва раиси шаҳри Душанбе бо лоиҳаҳои азнавсозии “Кӯли Варзоб” ва бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ шинос шуданд.

Маблағи корҳои азнавсозӣ дар кӯл 9 миллион сомониро ташкил дода, пас аз пурра ба анҷом расидани корҳои азнавсозӣ 80 нафар сокинон бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд. Майдони умумии ҳавзи шиноварӣ 158 ҳазору 787 метри мураббаъ мебошад.

1/20

Худи ҳамин рӯз дар ноҳияи Варзоб Президенти мамлакат бо лоиҳаи сохтмони Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Дуои Модар» шинос шуд. Истироҳатгоҳ бо сарфи 10 миллион сомонӣ маблағҳои ширкати «Сафед-дара» бунёд мешавад.

Тибқи лоиҳаи нақшаи сохтмонию меъморӣ дар ҳудуди истироҳатгоҳ меҳмонхонаи бисёрошёна бо 120 ҷойи хоб бунёд мешавад. Меҳмонхона аз ошхона, тарабхона, толори варзишӣ, толори маҷлис, ҳаммом ва ғайра иборат буда, дар саҳни ҳавлӣ ва лаби дарё ҳавзи оббозӣ ва айвонҳои кушод сохта хоҳанд шуд.

Дар Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» бошад, Президенти мамлакат бо ҷараёни идомаи корҳои созандагӣ шинос шуд. Соли ҷорӣ аз ҷониби ширкати «Сафед-дара» як қатор иншооти иловагӣ дар ҳудуди Маҷмаа сохта шуда, бунёди дигар биноҳо идома дорад. Соли ҷорӣ дар ин ҷо майдони бозии Пейнтбол, майдончаи варзишӣ, Зиплайн, Баги ва майдони аспсаворӣ сохта шуда, барои қабули дӯстдорони ин намудҳои варзиш омода мебошанд.