Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 30 ноябр масъалаи ҷараёни фаъолияти корхонаи муштараки қаблан аз андоз озодшудаи Тоҷикистону Чин - «Ху Чан Ғаюр Индастриал»-ро баррасӣ мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумон дар ин робита иттилоъ дод, вакилон рафти иҷрои ваъдаи раҳбарияти корхонаи мазкурро дар мавриди фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва роҳандозии истеҳсоли масолеҳи сохтмон санҷиданианд.

Бо пешниҳоди ҳукумат Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон санаи 27 майи соли 2015 дар бораи аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод кардани ширкати «Ху Чан Ғаюр Индастриал»-ро, ки дар ноҳияи Ёвон воқеъ аст, қарор қабул кард. Маблағи пардохти андозҳо ва боҷи гумрукӣ, ки ширкат аз онҳо озод карда шуд, 4,3 млн. долларро ташкил дода буд.

Он замон роҳбари ширкат Акбар Ғуломов қайд карда буд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали корхона моҳи июни соли 2015 дар назар буда, ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 18 млн. доллар таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон ворид шудааст, ки ҳиссаи ҷониби Тоҷкистон дар он ба 35% баробар аст ва дар маҷмӯъ арзиши амалисозии лоиҳа 20 млн. долларро ташкил медиҳад.

Мувофиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ширкат ба истеҳсоли 10 ҳазор тонна гипсокартон дар як шабонарӯз қодир буда, 7 ҳазор тоннаи он барои фурӯш дар бозори дохилӣ ва боқимонда ҷиҳати содирот ба Афғонистон пешбинӣ шудааст.

Акбар Ғуломов (писари собиқ муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов) он замон ба вакилон изҳор дошта буд, ки 300 нафар дар корхона бо ҷойи корӣ таъмин шуда, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он, нархи гипсокартон дар ҷумҳурӣ то 35% поин хоҳад рафт.