Бо назардошти сатҳи рушди иқтисод ва имконоти молиявии кишвар, аз 1 сентябри соли оянда музди меҳнати ҳамаи кормандони сохторҳои буҷет 15 фоиз зиёд мешавад.

Дар ин бора Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми ҳамасола ба парлумон маълумот дод.

Зикр гардид, ки ҳаҷми нафақаи ҳама дараҷаҳои нафақахӯрон низ ба андозаи 15 фоиз боло бардошта мешаванд.

Аз моҳи сентябри соли оянда музди меҳнати кормандони сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ ба миқдори 10 фоиз афзуда мешавад.

Ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар «Кохи Сомон» гузашта истодааст, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми ҳамасола ба парлумон суханронӣ дорад.

Дар ҷаласа раисону вилояту шаҳр ва ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок дошта, суханронии Сарвари давлат мустақиман тариқи ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион намоиш дода мешавад.