Дар бозори мо 90%-и маҳсулоти гӯштӣ ба меъёрҳои санитарӣ мувофиқ нестанд, гуфт президент ва аз мансабдорон пурсид: кӣ ба марги кӯдаки аз ҳасиб заҳролудшуда ҷавоб мегӯяд?

«Кӣ ба марги кӯдаки аз ҳасиби истеҳсоли маҳаллӣ заҳролудшуда ҷавоб мегӯяд? Мувофиқи натиҷаи санҷишҳо, сабабаш он аст, ки 90 фоизи маҳсулоти гӯштӣ ба қоидаҳои санитарӣ ва меъёрҳои қабулшуда ҷавобгӯ нестанд», - изҳор дошт Президент зимни ироаи Паёми ҳамасола ба парлумони кишвар.

Ба гуфтаи Президенти мамлакат, ҳамсола аз даҳҳо кишвари африқоӣ то 40 тонна гӯшти мурғ ба ҷумҳурӣ ворид мешавад.

«Кӣ муҳлату сифати ин гӯштро месанҷад? Доир ба содироти мева ба дигар кишварҳо моро лозим меояд, ки дар сатҳи ҳукумат гуфтушунид кунем, вале дар мавриди воридот бошад, мо ба бозорамон заҳр ворид мекунем. Бархе аз соҳибкорони беинсоф аз ҳама гӯшаву канори дунё бо нархҳои хеле ночизу паст маҳсулоти зараровар ворид намуда, онро ба шаҳрвандон мефурӯшанд», - таъкид дошт президент.

Зимнан Сарвари давлат зикр кард, ки беш аз 5 ҳазор кормандони давлатӣ, аз ҷумла зиёда аз 1 ҳазору 100 нафар кормандони сохтори гумрук ва 3 ҳазор нафар кормандони хадамоти байториву агентии «Тоҷикстандарт» ба санҷиши бехатарии маҳсулот машғуланд.

«Аммо танҳо баъди эроди Сарвари давлт онҳо тариқи телевизион намоишкорона доир ба ошкор кардани чунин далелҳо хабар медиҳанд. Аз ин ҷо саволе ба миён меояд: кӣ аввал ба воридоти ин маҳсулот ба ҷумҳурӣ иҷоза дод? Албатта, худашон», - гуфт президент.

Дар ин робита ба ҳукумат дастур дода шуд, ки оид ба масъалаи такмили сохтори идоракунии хадамоту идораҳои санитарӣ, стандартикунонӣ, сертификатсия ва байторӣ тадбирҳо андешад.