Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо ҷашни Сада, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз, 30 январ бори нахуст таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар табрикоти телевизионии Пешвои миллат ба ин муносибат қайд мешавад, ки боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад.

«Имрӯз ҷашнҳои миллии мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ, бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегарданд», - таъкид мешавад дар табрикоти Сарвари давлат.

Президенти мамлакат зикр мекунад, ки ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо мақому манзалати хосса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад.

«Одамони синну соли гуногун дар давраи авҷи сардии зимистон бо орзуи омадани фасли баҳори ҷонбахш бо ҳам ҷамъ омада, чорабиниҳои мухталиф доир мекарданд, гулхан мегиронданд, базм меоростанд, шодиву хурсандӣ мекарданд ва бо ҳамин роҳ сахтии сарморо барои якдигар осон менамуданд, яъне анъанаҳои ҳаётдӯстона ҷавҳари ҷашни Садаро ташкил мекарданд», - ёдрас мекунад Эмомалӣ Раҳмон.

Гуфта мешавад, миёни суннатҳои Сада гулхан афрӯхтан мавқеи асосӣ дорад, ба ин маънӣ, ин ҷашнро метавон ҷашни мелоди оташ, яъне манбаи гармиву нур номид.

Изҳори умед мешавад, ки мардуми кишвар ва хусусан, кишоварзон дар баробари риояи суннатҳои ин ҷашни бостонӣ ба яке аз ҷанбаҳои бисёр муҳимми он, яъне омодагӣ ба корҳои саҳроӣ, об додану нигоҳубин кардани заминҳои кишт, ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои нав ва сарсабзу зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳо эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

«Боду ҳавои фасли тирамоҳи гузашта ва зимистони имсола чандон мусоид наомад ва эҳтимоли хушксоливу мушкилоти дигари вобаста ба он зиёд аст, - қайд мешавад дар табрикот. - Ин масъаларо кишоварзони асилу соҳибтаҷриба хуб медонанд».

Аз ин рӯ, вобаста ба ин, Сарвари давлат ба мардуми кишвар бори дигар зарурати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»-ро хотиррасон мекунад.

«Зарур аст, ки бо дарназардошти зиёдшавии мунтазами аҳолӣ, афзоиши талабот ба маводи ғизоӣ ва вазъи нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ сарфаю сариштакорӣ ва худдорӣ намудан аз сарфу хароҷоти беҳудаву зиёдатӣ ба одати доимии ҳар фард ва ҳар як оила табдил ёбад», - зикр мекунад Пешвои миллат.

Ёдрас мекунем, ки бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли гузашта ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова қабул намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30 январ дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада таҷлил мегардад. Дар ҷашни Сада рӯзи истироҳат муқаррар нашудааст.

Ҷашни Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, 10-уми баҳманмоҳ (30 январ) ҷашн гирифта мешавад.

Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3-ҳазорсола доранд. Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.