Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи парлумони кишвар бори навбатӣ фаъолияти ширкати миллии ҳавопаймоии кишвар - ҶСК «Тоҷик Эйр»-ро мавриди интиқоди шадид қарор дод. КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» низ канор намонд.

Ба гуфтаи Зуҳуров, ҳама гуна сайёҳи хориҷӣ, ки бори аввал аз хизматгузории «Тоҷик Эйр» истифода мекунад, ба гумон аст, ки бори дигар ба он рӯ орад.

«Хизматгузории сатҳи паст, безавқӣ дар кори таъмини мусофирон бо хӯрок ва доимо ба таъхир афтодани парвозҳо, мушкилоти дубора сӯзишворӣ гирифтани ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя ҳамаи мусофирон, шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро аз ин хизматгузориҳо гурезон кардаанд», - қайд кард Зуҳуров.

Раиси палатаи поёнии парлумон таъкид дошт, ки мушкилоти дубора сӯзишворӣ гирифтан ё худ пурра бо сӯзишворӣ таъмин кардани ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳҳои дигар кишварҳо аллакай муддати ду сол аст, ки роҳи ҳалли худро намеёбад.

«Бо ин сабаб мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе - Маскав ба ҷойи 4 соати муқарраршуда дар 8 соат ба нуқтаи таъиншуда мерасанд. Бисёр вақт онҳо ба хатсайрҳои васлкунанда дер мемонанд. Танҳо соли гузашта фоизи ба таъхир афтодани хатсайрҳои ҳавоӣ дар муқоиса бо соли 2016 ба миқдори 29 фоиз афзудааст. Ба таъмини ҳавопаймоҳо бо сӯзишворӣ мустақиман дар Душанбе мавҷуд набудани рақобатпазирӣ ва монополияи пурра халал мерасонад. Ҳамсоякишварҳо чунин мушкилот надоранд», - иброз дошт ӯ.

Зуҳуров ҳамчунин аз фаъолияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» низ дар мавриди мусофиркашонӣ интиқод кард.

«Барои чӣ бошад, ки шаҳрвандони мо зимни сафар аз Душанбе ба Маскав дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя мавриди таҳқир қарор мегиранду касе аз намояндагони идораи роҳи оҳан ё хадамоти гумрук ба ҳимояи онҳо садо баланд намекунад?», - қайд кард вай.

Ӯ пешниҳод намуд, ки ояндаи наздик 2 нафар вакилони парлумон тариқи қатора ба сафари Маскав фиристода шаванд, то ки мушкили мусофиронро аз наздик омӯзанд. Дар ҳамин ҳол, ӯ пешниҳод кард, ки вакилон «на намоишкорона ба сифати вакил, балки ҳамчун мусофири оддӣ» ба сафар бароянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.