Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки дар мақомоти Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм, Хадамоти гумрук, Кумитаҳои сохтмон ва меъморӣ, ҳифзи муҳити зист ва Агентии авиатсияи гражданӣ ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин ва пешниҳод гардиданд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи ҶТ пешниҳоди Президенти ҶТ “дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии ҶТ бозхонд ва ба вазифаи судяи Суди конститутсионии ҶТ интихоб намудани Абдураҳимзода Дилором Рустам", "дар бораи ба вазифаи судяи Суди Олии ҶТ интихоб намудани Ализода Набӣ Искандар ва Абдулҳақов Маҳмадалӣ”, дар асоси банди 2 моддаи 56 Конститутсияи ҶТ “дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии ҶТ бозхонд намудани Исматзода Раҳмат бинобар сабаби вафоташ” ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ирсол гардиданд.

Бо Фармонҳои Президенти ҶТ Қудратзода Саидҷон бо сабаби вафоташ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Файзобод ва Табаров Хайрулло аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Хоруғ бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шуданд.

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни ҶТ "Дар бораи Палатаи ҳисоби ҶТ" пешниҳоди Президенти мамлакат дар бораи Раиси палатаи ҳисоби ҶТ таъин намудани Чиллазода Қарахон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол карда шуд.

Саидзода Бобоҷон Абдуқодир бо Фармони Президенти ҶТ аз вазифаи Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ озод гардида, бо Қарори Ҳукумати ҶТ ба вазифаи муовини Вазири мудофиаи ҶТ таьин карда шуд.

Бо Фармонҳои Президенти мамлакат Раисони шаҳрҳои Исфара, Бӯстон ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои кордону соҳибтаҷриба таьин гардиданд.

Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, ки то ин вақт дар вазифаи Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд кор мекард, минбаъд дар вазифаи муовини якуми Раиси вилояти Хатлон адои вазифа менамояд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати ҶТ Турсунзода Азим муовини якум, Шерализода Хуршед ва Ҳурматзода Иззатулло муовинони Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон таьин шуданд.

Субҳонзода Икром Субҳон Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ ва Набизода Азиз муовини директори Агентии мазкур таьин гардиданд.

Ҳамчунин, бо Қарорҳои ҳукумати мамлакат Сатторӣ Баҳром Бобоқул Директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна таъин шуда, Айхон Шарифова аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Окимбекова Зӯҳро аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шуданд.

Раҳматуллозода Шаҳноз- муовини Раиси кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Назарзода Заррина муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин гардиданд.