Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода фаъолияти соҳибкорзанони минтақаи шимоли кишварро бо грантҳо дастгирӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорзанони ҳунарманд ва эҷодкор, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ (бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ) ба маблағи умумии 420 ҳазор сомонӣ 60 грант ҷудо мешавад.

Тибқи қарори қабулшуда, 15 грант ҳар яке дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 грант ҳар яке дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ ва 30 грант ҳар яке дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ таъсис дода хоҳад шуда, грантҳо ба занони ҳунарманд, эҷодкор ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси озмун ҷудо карда мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки занони ҳунарманд, эҷодкор ва соҳибкорони инфиродӣ метавонанд барои дарёфти маълумоти бештар ба Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят муроҷиат намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.