Президенти Тоҷикистон мардуми кишварро бо фарорасии ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик кард.

«Мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем», - қайд мешавад дар табрикоти Сарвари давлат.

Гуфта мешавад, мардуми Тоҷикистон ҳар сол Рӯзи ғалабаро бар фашизм ҳамчун як саҳифаи фоҷиабори таърихи асри гузаштаи худ ва ба хотири пос доштани диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан ҷашн мегиранд.

«Ин пирӯзӣ натиҷаи дӯстиву муборизаи якҷояи халқҳо бар зидди хатари мудҳиш – фашизми гитлерӣ ва намунаи олии фидокории фарзандони миллатҳои гуногун барои таъмин намудани сулҳу озодӣ мебошад», - омадааст дар табрикот.

Дар робита ба нақши тоҷикистониён дар ин ҷанг Сарвари давлат қайд кард, ки фарзандони халқи тоҷик дар ҳамаи ҷабҳаҳои ин ҷанги даҳшатнок, ки аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи башарият буд, иштирок карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих бо ҷасорату матонат ва сарбаландона гузаштанд.

«Аз ин лиҳоз, корнамоиву диловарии фарзандони баору номуси Тоҷикистон барои наслҳои имрӯза намунаи олии садоқат ва хизмат ба Ватан мебошад, - зикр мегардад дар табрикот. - Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад».

Ба гуфтаи Президенти мамлакат, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо истифода аз сабақу корнамоиҳои падарони шарафманди хеш барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва зиндагии орому осоиштаи мардуми тоҷик чун сипари боэътимод ҳамеша омода мебошад.

Сарвари давлат гуфт, боиси ифтихор аст, ки дар ин муддат насли ҷавони ҳомиёни Ватан ба камол расида, марзу буми кишвари соҳибистиқлоли худро содиқона ва бо шуҷоату далерӣ ҳимоя мекунанд.

«Итминони комил дорам, ки сарбозону афсарони бонангу номус, далеру шуҷоъ ва посдорони қавииродаи Модар – Ватан бо истифода аз сабақҳои матонату шуҷоати наслҳои калонсол ва бо интизоми қатъии ҳарбӣ минбаъд низ барои ҳимояи неъмати бузургтарини ҳаёти сокинони мамлакат – истиқлолият ва озодӣ, тақвияти пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва боз ҳам баланд бардоштани мақому мартабаи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамеша омодаву ҳушёр хоҳанд буд», - изҳори бовар кард ӯ.

Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёну собиқадорони ҷангу меҳнат ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи ғалаба самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми онҳо саломатӣ, рӯзгори обод ва ба Тоҷикистон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу кард.