Дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумати кишвар баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлис масъалаҳои марбут ба раванди иҷрои дастуру супоришҳои қаблии ҳукумат, омодагии ҳамаҷониба барои дар сатҳи баланд таҷлил кардани ҷашни умумимиллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, раванди тағйирёбии иқлим, пайомад ва таъсири он ба иқтисодиёти мамлакат, таҳкими амнияти давлату миллат дар шароити зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳамагуна ҷинояткорию қонуншиканиҳо, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ, дуруст ба роҳ мондани ташхису табобат, таъмиру тармим ва бунёди муассисаҳои тандурустӣ, махсусан марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, дасти мадад дароз кардан ба табақаҳои эҳтиёҷманд, дар маҷмуъ фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои шаҳрвандон аз масъалаҳои муҳими мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар буд.

Бо дарназардошти муҳимияти масъалаҳои дар вохӯрӣ муҳокимашуда Сарвари давлат дар назди аъзои ҳукумати кишвар, масъулини сохторҳои давлатӣ ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳри таҳияи нақшаи чорабиниҳо аз рӯйи натиҷаҳои мулоқот ва дар амал татбиқ кардани дастурҳои зикршуда, супоришҳо доданд.

Пешвои миллат таваҷҷуҳи аъзои ҳукуматро ба масъалаи ҷонибдории аҳолӣ аз ҳадафҳои созанда ҷалб карда, дастур доданд, ки бо мақсади амалӣ намудани хоҳишу талошҳои мардум мусоидати фаъол намоянд.

Супоришҳои дигар ба масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватанпарастӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, китобхона, ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ дар ҳар як ҷамоату деҳоти кишвар, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ ва таъмири роҳи байни деҳаҳо, риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дода шуданд.

Аъзои ҳукумат, сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз Сарвари давлат ҳамчунин доир ба ҷоннок кардани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ва анҷоми тадбирҳои мушаххас оид ба волоияти қонун, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, ба Ватан баргардонидани фарзандони онҳое, ки дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи солимии ҷомеа, дастурҳо гирифтанд.

Дар анҷоми кори маҷлиси Ҳукумат Президенти мамлакат ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо дар бобати андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба таъсири иқлим ба иқтисодиёти кишвар, дарёфти роҳҳои баромадан аз вазъияти ба амаломада, захираи кофии маводи ғизоӣ, хуроки чорво ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, супоришҳои мушаххас дод.