Бо фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз 18 сентябр Маликшо Неъматов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Олмон ва ҳамзамон аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Полша (Лаҳистон) ва сафири Тоҷикистон дар Чехия озод карда шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Соҳибназар Ғайратшо сафири нави Тоҷикистон дар Олмон таъин шуд, ки то ин таъинот ба ҳайси сардори Раёсати Аврупо ва Амрикои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ифои вазифа мекард.

Ҳамчунин имрӯз бо фармони Сарвари давлат Масуд Халифазода сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъин карда шуд. То кунун ин вазифаро дар Лондон Эркин Қосимов ба уҳда дошт.

То таъин шудан ба вазифаи сафир Масуд Халифазода дар мансаби сардори Сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.