Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъаи ВМКБ иваз шуда, дар чанде аз кишварҳо сафирони нави Тоҷикистон таъин шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Арамбегим Маҳтобшозода аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғ, ки аз моҳи ноябри соли 2016 ин вазифаро бар дӯш дошт, озод карда шуд. Сабаби аз кор озод кардан зикр нашудааст. Кишвар Шамиров ба  ҷойи ӯ ба ин вазифа таъин гардид.

Юсуф Султонноёбов аз мансаби раиси ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ озод ва Давлатшо Мамадшоев, ки то ин дам ба ҳайси муовини аввали раиси ҳамин ноҳия ифои вазифа мекард, ба ин мансаб таъин гардид.

Раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ Имомназар Хоҷаназар Лутфулло низ бо фармони президент аз вазифа озод шуда, Фаррух Додихудоев ба ҷойи ӯ ба ин мансаб таъин шуд.

Бо фармонҳои президент ҳамчунин сафирони Тоҷикистон дар як қатор кишварҳо иваз карда шуданд.

Қаландар Идибек сафири Тоҷикистон дар Австрия ва ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Руминия таъин шуд. Маҳмадшариф Ҳақдод сафири Тоҷикистон дар Беларус ва ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Эстония ва Латвия таъин карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.