Дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум раиси пойтахт ба сохторҳои дахлдори шаҳр дастур дод, ки ҷиҳати пешгирии болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалия, захираи кофии он барои давраи зимистонгузаронӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолии сокинон дар мавсими сармо тадбирҳо андешанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, раиси пойтахт таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаи иҷрои нақша-чорабиниҳо ҷиҳати сари вақт омода намудан ва таъмини фаъолияти мунтазами тамоми иншооти хоҷагиии халқи пойтахт дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки бо инобати сард пешгӯӣ гардидани зимистони имсола, тамоми сохторҳои марбутаи пойтахт бояд барои бемушкилӣ паси сар намудани он ҳамаҷониба омодагӣ гиранд.

Аз ҷумла, раиси шаҳр дастур дод, ки доир ба омода ва пайваст намудани биноҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои   пойтахт ба системаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе, таъмини мунтазами аҳолӣ бо барқ, фаъолияти мунтазами нақлиёти ҷамъиятии шаҳр, омодасозии пурраи муассисаҳои давлатии истифодабарии роҳҳо, анҷом додани корҳои таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳои автомобилгард,  омода намудани низоми обпартоии шаҳр, таъмини муътадил ва босифати оби нӯшокӣ, захираи кофии маводи сӯзишворӣ ва ангишт ва назорати генераторҳои барқӣ дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тадурустӣ ва фарҳангӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Дар робита ба масъалаи рушди бахши сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчунин сохторҳои марбута вазифадор карда шуданд, ки Шӯро оид ба рушди сайёҳӣ дар шаҳр ҳар чӣ зудтар таъсис дода шуда, аз натиҷаи корҳо то 1 ноябри соли равон ба Раиси шаҳр гузориш пешниҳод карда шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.