Имрӯз зимни маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ супориш дод, ки барои иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастурҳои Президенти Тоҷикистон аз натиҷаи сафари корӣ ба ВМКБ тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ҳисобот манзур намоянд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти сарвари давлат, дар маҷлис оид ба омодагии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаҳои иҷтимоӣ ба давраи зимистони солҳои 2018-2019, дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи зимистонгузаронӣ, омодагии пурраи бахшҳои энергетика, марказҳои барқу гармидиҳӣ, нақлиёт, захираи маводи озуқаворӣ дар минтақаҳои дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, захираи хӯрок ва беталаф баровардани чорво аз зимистон, истифодаи самараноки чарогоҳҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар ба ВМКБ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукуматҳои маҳаллиро дар самти таъмини ҳуқуқу тартибот дар вилоят мавриди иниқоди шадид қарор дод.

Сарвари давлат ба роҳбарони вилоят, ВКД ва КДАМ ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини тартибот дар шаҳри Хоруғ як моҳ муҳлат дода, қайд кард, ки “агар онҳо аз уҳдаи ин кор набароянд, ӯ метавонад аз Қувваҳои Мусаллаҳ истифода кунад.

Дарҳол пас аз ин тибқи мувофиқа бо президент Алишер Мирзонаботов, ки пеш ба ҳайси муовини сардори Раёсати КДАМ Тоҷикистон дар ВМКБ ифои вазифа мекард, муовини раиси ВМКБ таъин шуд. “Бо сабаби ба кори дигар гузаштан” муовини дигар раиси ВМКБ Абдулназар Абдулназарзода низ аз мансаб барканор шуд. Амирбекзода Назира, Иматшозода Анвар Иматшо ва Носиров Умедҷон муовинони нави раиси ВМКБ таъин шуданд.

Сардорони шуъбаи корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим ва Мурғоб, инчунин сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода ҳамзамон сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид. Дар ин мансаб ӯ Мансур Бухоризодаро иваз кард.

Ҳамчунин бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъаи ВМКБ иваз шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.