Баъди 23 рӯз аз оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 76%-и нақшаи даъват ба иҷро расидааст.

Дар Вазорати мудофиа итминон медиҳанд, ки маъракаи даъват бидуни ҳеҷ мушкилие ҷараён дошта, то имрӯз ба унвони вазорат аз даъватшавандагон ва волидони онҳо ягон шикояте дар ин хусус нарасидааст.

То ба имрӯз дар маҷмӯъ нишондиҳандаи иҷрои нақшаи даъват дар ВМКБ - 98%, вилояти Суғд - 83%, Хатлон - 79%, ноҳияҳои тобеи марказ - 63% ва шаҳри Душанбе - 62%-ро ташкил медиҳад.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони марди синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.