Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон И.К., сокини ноҳияи Турсунзода, дар давлати Сурия дар ҷанги муқобили сохти конститутсионии давлати Сурия иштирок карда, ҳамзамон хешу табор ва дигар шаҳрвандони Осиёи Миёнаро ба гурӯҳи террористии ДОИШ ҷалб мекард.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бародари ӯ И.Ҷ., ки мехост барои дар амал татбиқ намудани амалҳои террористӣ ва иштирок дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия бо супоришҳои аз бародараш гирифта ба давлати Сурия сафар намояд, дар фурудгоҳи шаҳри Москваи Федератсияи Россия аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дастгир карда шуда, ба Ватан баргардонида шуд.

Зимни гузаронидани дигар чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба воситаи бародари дастгиршудаи И.К., шаҳрванд И.Ҷ., дар натиҷаи амалиёти якҷояи кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Хадамоти Федеролии амният (ФСБ), дар шаҳри Москва ва шаҳри Санкт-Петербург 12 шаҳрвандони Осиёи Миёна, ки қасди содир намудани амалҳои террористиро дар Федератсияи Россия ва қаламрави Осиёи Миёна доштанд, дастгир карда шуданд.

Аз дастгиршудагон миқдори зиёди маводи тарканда ва силоҳи оташфишон дарёфт ва мусодира карда шуд.

Барои халал ворид накардан ба рафти тафтишоти пешакӣ мақомоти корҳои дохилӣ аз овардани ному насаби онҳо худорӣ менамояд.

Мавриди қайд аст, ки кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда ба ҳаммаслаки ин гурӯҳ баромада тавонистанд ва дар бораи ҳамаи аъзоёни гурӯҳ маълумот гирифтанд. Пас аз он маълумотҳо ба ҳамкорони Хадамоти Федеролии амнияти (ФСБ) Федератсияи Россия пешниҳод гардиданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12 ноябр Хадамоти федералии амнияти Русия навори видеоиеро мунташир намуд, ки дар он шаҳрванди Тоҷикистон эътироф мекунад, ки дар шаҳри Маскав амали террористӣ содир карданӣ буд.