Парлумони Тоҷикистон рӯзҳои наздик созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Чин дар бораи сохтмони иншооти гуногун дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро тасдиқ мекунад.

«Созишнома дар бораи сохтмони иншоот дар сарҳад санаи 1 октябр дар Душанбе ба имзо расид. Мутобиқи он, ҷониби Чин воситаҳои грантӣ ҷудо намуда, худаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, се қароргоҳ (комендатура), панҷ дидбонгоҳи сарҳадӣ, панҷ гузаргоҳи сарҳадӣ ва як маркази таълимӣ бунёд мекунад», - хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумон.

Аз ифшои маблағи умумии воситаҳои грантие, ки аз ҷониби ҳукумати Чин бо ин мақсад ҷудо карда мешаванд, манбаъ худдорӣ варзид.

Қаблан Радиои Озодӣ дар ин робита иттилоъ дода буд, ки Чин ҳамчунин, барои марзбонҳои тоҷик биноҳои маъмуриву хидматӣ, макони зист, майдонҳои тамринӣ, анбор ва дигар иншооти ёрирасонро бунёд карда, бо таҷҳизоту муҳимот таъмин хоҳад кард. Тарафи Чин вазифадор шудааст, ки тарҳи сохтмони ин иншооти низомиро таҳия карда, тавассути муҳандисони худ ба иҷро расонад.

Дар навбати худ ҷониби Тоҷикистон бар асоси ин созишнома вазифадор шудааст, барои сохтмони ин иншоот замин ҷудо карда, амнияти кормандони чиниро дар марз таъмин намояд. Тибқи банди сеи ин созишнома ҷониби Чин аз пардохти ҳама намуди андоз, боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳое, ки бо сохтмон вобаста ҳастанд, озод карда мешавад.

Гуфта мешавад, Чин аввали соли ҷорӣ дидбонгоҳи сарҳадии "Гулхан"-ро дар марз бо Афғонистон ба истифода дод. Сохтмони иншооти мазкур дар ним сол ба итмом расид. Дидбонгоҳи сарҳадии «Гулхан» дар яке аз қитъаҳои душворгузари марз, дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) сохта шуд. Он дар баландии теппа қомат афрохта, масофаи марз аз он чун дар кафи панҷа намоён аст.

Чин дар ҳоли ҳозир аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Қарзи Душанбе аз Пекин аз марзи 1 миллиард доллар гузаштааст, ки ин тақрибан нисфи тамоми қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ин қарзҳо асосан барои такмили сохторҳои зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳо ва нақбҳо сарф шудаанд. Бар илова, Пекин ба Душанбе то соли 2018 ваъдаи боз 6 миллиард доллар сармояи дигарро додааст, ки нисфаш барои сохтани 400 километр бахши тоҷикистонии хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин ихтисос дода хоҳад шуд.