Бар асари кушта шудани сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов доир ба таъмини амнияти сафорати Русия дар Душанбе тадбирҳои иловагӣ андешида шуданд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ба хабаргузории РИА Новости дар ин робита гуфтааст, бо дархости Вазорати корҳои хориҷии Русия нерӯҳои иловагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бинои сафоратро таҳти посбонӣ қарор додаанд.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон назди бинои намояндагии дипломатии Русия дар Душанбе мошинҳои зиреҳпӯш гузошта шуда, назди бино гурӯҳҳои Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) навбатдорӣ мекунанд. «Ҳам дар дохил ва ҳам дар беруни бино тадбирҳои таъмини амният пурзӯр карда шуданд», - гуфтааст дипломат.