Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар машқгоҳи Фахробод ба тамринҳои муштараки низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Русия назорат мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод, хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистону Русия имрӯз дар машқгоҳҳои Фахробод ва Лоҳур амалиёти нест кардани гурӯҳҳои террористии шартиро, ки ба ҷумҳурӣ аз Афғонистон ворид шудаанд, ба иҷро мерасонанд.

Ҳамчунин дастаҳои таъиноти махсуси Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва Русия амалиёти шартӣ оид ба озод кардани гаравгононро, ки дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон ба асорати террористони байнулмилалӣ афтодаанд, анҷом медиҳанд.

Тамринҳои муштараки фармондеҳӣ ва ситод оид ба идоракунии гурӯҳи муттаҳидаи нерӯҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон рӯзи 27 март дар ҳафт машқгоҳи низомии Тоҷикистон оғоз гардиданд.

Пагоҳ, 30 март марҳилаи ниҳоии машқҳо баргузор мешавад, ки мувофиқи нақшаи ҳамкорӣ миёни Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва Русия амалӣ мешавад.