Низомиёни Амрико мегӯянд, яке аз ҷонибдорони наздики раҳбари гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) Абдураҳмон Ӯзбекӣ, ки эҳтимол дорад, шаҳрванди Ӯзбекистон аст, кушта шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ 6 апрел дар натиҷаи амалиёти махсуси пинҳонии заминӣ дар шаҳри Маёдини Сурия ҷон бохтааст. "Ин амалиёти заминӣ буд. Феълан роҷеъ ба қазияи мазкур ҳамин қадар маълумот дода метавонем", - гуфт намояндаи Фармондеҳии марказии Қувваҳои мусаллаҳи ИМА полковник Ҷон Томас.

Полковник Томас аз ироаи ҷузъиёти амалиёт худдорӣ кард ва танҳо афзуд, ки Ӯзбекӣ дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ кушта нашудааст.

Ҷониби Амрико мегӯяд, бар пояи иттилои онҳо, Абдураҳмон Ӯзбекӣ дар ҳамла ба клуби шабонаи "Reina"-и шаҳри Истамбули Туркия, ки 1 январи соли равон 39 кушта ва 69 захмӣ бар ҷой гузошт, даст дорад. Масъулияти ин ҳамларо ДИ ба зимма гирифта буд.

Ҳамла ба клуби шабонаи Истамбулро зодаи 34-солаи Ӯзбекистон Абдуқодир Машарипов анҷом дод. Ӯро баъди 16 рӯз дар Истамбул дастгир карданд.