Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо имрӯз 50-сола шуд. Вазири мудофиа ин санаи фархундаро дар ҷойи кориаш ҷашн мегирад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудфоаи ҷумҳурӣ хабар дод, аз субҳи имрӯз Шералӣ Мирзо аз баъзе қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе боздид намуда, бо ҳолати омодабоши ҷангии ҷузъу томҳо, шароити хизмату маишати афсарону сарбозон шинос шуда истодааст.

Ҷашни 50-солагии худро вазири мудофиа шомгоҳон бо аҳли оилаи худ ҷашн хоҳад гирифт.

Генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо 24 майи соли 1967 дар деҳаи Гулободи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Ӯ Омӯзишгоҳи олии фармондеҳӣ - муҳандисии қӯшунҳои ракетии шаҳри Перми Федератсияи Россия (соли 1989) ва Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россияро (соли 2004) бо медали тилло хатм намудааст.

Номбурда солҳои 1994-1995 дар вазифаи афсари калони шуъбаи тайёрии қӯшунии Раёсати омодагии ҷангии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1995-1996 командири Баталёни 7-уми алоҳидаи тирандози савораро ба ӯҳда дошт.

Солҳои 1996-1997 дар вазифаи командири қисми ҳарбии 08014 ва аз моҳи феврали соли 1997 то моҳи ноябри соли 1997 дар вазифаи командири Бригадаи зудамали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудааст.

Солҳои 1997- 2002 бошад дар вазифаи командири қисми ҳарбии 13483-и Вазорати мудофиа адои хизмат намудаст. Аз соли 2002 то соли 2004 Шунавандаи Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия буд.

Солҳои 2004- 2005 дар вазифаи Сардори ситод-муовини аввали Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2005-2006 Муовини Вазири мудофиа – Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон садоқатмандона адои хизмат намудааст.

Аз моҳи декабри соли 2006 то моҳи ноябри соли 2013 ба ҳайси муовини раиси КДАМ Тоҷикистон - Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ кор кардааст.

Бо фармони президенти Тоҷикистон 20 ноябри соли 2013 вазири мудофиаи ҷумҳурӣ таъин шуд. Бо орденҳои «Шараф», «Спитамен», «Зарринтоҷ» ва медалҳо сарфароз гардонида шудааст. Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.

Қобили зикр аст, ки баъди ошӯби мусаллаҳонаи нокоми яке аз муовинони Шералӣ Мирзо - собиқ генерал-майор Абдуҳалим Назарзода моҳи сентябри соли 2015 президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи муовинони вазири мудофиа, аз ҷумла сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳро низ аз мансабҳояшон сабукдӯш кард. Он замон Шералӣ Мирзо дар мансабаш боқӣ монд.