Бар асари ҳамлаи шаби 3 июн дар шаҳри Лондон 6 нафар кушта шуда ва ҳудуди 50 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Бинои ба иттилои расонаи мустақили Akhbor.com, шаҳрдори Лондон Содиқ Хон ин ҳодисаро ҳамлаи буздилона номида, гуфтааст, Лондон ҳеҷ гоҳ нахоҳад гузошт, ки ин даҳшатафканҳо пирӯз шаванд.

Мақомоти Бритониё ҳамлаи шаби 3 июн дар рӯи пул(купрук)-и Лондонро ҳамлаи террористӣ меноманд. Макр Ровлӣ, раҳбари пули зиддитеррор гуфт, тафтишот фарзияи амали террористиро таҳқиқ мекунад, чунки ҳарсе ҳамлагар дар тан камарбандҳои монанд ба тасмаҳои маргталабона доштаанд.

Соати тақрибан даҳи шаби 3 июн як мошини боркаш бо суръати баланд мардуми раҳгузарро дар рӯи купруки Лондон зер кард, Сипас се мард аз ин мошин пойин шуда, бо корд ба аҳли як тарабхонаи воқеъ дар он наздикӣ ҳамла карданд.

Ба маълумоти хадамоти "Ёрии таъҷилӣ”-и Лондон, дар ин ҳамла 6 нафар ҷон бохта, 48 нафарро ба бемористон интиқол додаанд ва як шумори дигарро, ки ҷароҳатҳояшон сабук буд, дар ҳамон ҷои ҳодиса ёрии лозими тиббӣ расондаанд.