Аввали моҳи июн шабакаҳои мушакии "Искандар-М”-и Қувваҳои Мусаллаҳи Русия дар ҷараёни тамринҳои муштараки зиддитеррористии «Душанбе-Зиддитеррор-2017» дар машқгоҳи «Лоҳур» ба самти ҳадафҳои аз ҷониби хадамоти иктишофӣ муайяншуда мушак партоб карданд.

Мушакҳои партобшуда издиҳоми ҷангиёни эҳтимолӣ дар макони муқарраршударо нобуд кард. Ин бори нахуст буд, ки шабакаҳои мушакии "Искандар-М” берун аз ҳудуди Русия мушак партоб карданд.

Мушаки «Искандар-М» ба нобуд кардани ҳадаф дар масофаи то 500 километр қодир аст. Мушакҳо бо бузургтарин ҳавопаймоҳои ҳарбии боркаши Нерӯҳои ҳарбӣ-кайҳонии Русия «Руслан» ба Тоҷикистон оварда шудаанд.