Дар ноҳияи Имом Соҳиби вилояти шимоли Кундузи Афғонистон амалиёти шадиди ҷангӣ идома дошта, дар сурати пурқувват нашудани нерӯҳои мавҷуда, ноҳияро толибон тасарруф карда метавонанд. Дар ин бора ВАО-и Афғонистон бо истинод ба намояндагони ҳукумати маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Рӯзҳои 4-5 июн толибон ба ноҳияи Имом Соҳиб ҳамла карда, субҳи рӯзи 5 июн намояндагони пулиси маҳаллӣ аз уҳдаи муқовимат ба ин ҳамла ва ақиб рондани толибон хабар доданд, вале баъдтар маълум шуд, ки ин маълумот носаҳеҳ аст.

«Шаби гузашта мақомоти интизомӣ ба ин ҷо омада, ба баргузор намудани амалиёт оғоз карданд, вале бадбахтона толибон пештар омада, ба маркази ноҳия наздик мешаванд», - гуфтааст тариқи телефон роҳбари ноҳия Имомуддин Қурайшӣ.

Бино ба маълуомти хабаргузории «Пажвок», замони гуфтугӯ бо намояндагони ВАО Қурайшӣ дар бинои маъмурияти ноҳия қарор дошта, бо чашмони худаш задухӯриди ҳарбии шадидро мушоҳида мекардааст. Ӯ изҳори нигаронӣ намудааст, ки Имом Соҳиб метавонад аз ҷониби тҷангиёни Толибон тасарруф шавад.

Ноҳияи Имом Соҳиб дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, бевосита дар наздикии ноҳияи Панҷи ҷумҳурӣ воқеъ аст.

Сардори маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ аз амалиёти ҷангӣ дар он сӯи дарёи Панҷ воқиф буда, онро доимо мушоҳида доранд.

Ба гуфтаи ӯ, шабонарӯзи гузашта дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ягон далели кӯшиши убури марз, ба қаламрави ҷумҳурӣ расидани тиру гулӯлаи аз кишвари ҳамсоя холишуда ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамаи манбаъҳои «Азия-Плюс» дар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки имрӯз дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нерӯ ва воситаҳо кофист ва дар робита ба ташаннуҷи вазъ дар Имом Соҳиби кишвари ҳамсоя, барои сафарбар намудани нерӯ ва воситаҳои иловагӣ ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад.