Дар шаҳри Минск ҷаласаи 19-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар кишварҳои узви СААД доир гардид.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, зимни суханронӣ дар ин ҷаласа директори Агентӣ Шерхон Салимзода ба ҳозирин доир ба вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, натиҷаҳои фаъолияти мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон оид ба муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии нашъамандӣ ва ҳамкориҳои байнулмилалии ҷумҳурӣ дар ин самт маълумот дода, изҳор намудааст, ки мушкилоти қочоқи маводи мухаддири афғонӣ, ҳамчунин маводи сахттаъсири психотропӣ дар Тоҷикистон нигаронкунанда аст.

Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин атрофи масоили рушди ҳамкории амалӣ, баргузор намудани амалиёти муштараки зиддимухаддиротӣ, густариш бахшидан ба мубориза бо ҷинояткории фаромилии марбут ба маводи нашъаовар, пешгирӣ ва аз байн бурдани роҳу воситаҳои интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон ба қаламрави кишварҳои узви СААД табодули назар намудаанд.