Дар доираи баргузории ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи амалисозии Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бо терроризм дар шаҳри Ашхободи Туркманистон, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо вазири корҳои дохилии Туркманистон Исгендер Муликов гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар соҳаи мубодилаи ахбори оперативӣ ва оид ба ҷинояткориҳои фаромиллӣ зарур шумориданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати аз нав коркард намудани заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба як қатор пешниҳодҳои судманд иброз намуданд.

Зикр гардид, ки мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳои муташаккил ҳамкориҳои муштаракро тақозо намуда, дар ин самт муносибатҳо боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.