Фурӯши беш аз 2 симкорт ба 1 нафар аз як ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон манъ шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, тасмими мазкур бар асоси як қарори муштараки вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, гирифта шудааст.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ин қарор гуфтааст, ки дар бештари ҳолатҳо ҷинояткорон симкортҳоеро истифода мебаранд, ки ба номи афроди дигар сабт шуданд ва ин ҳолат ҷараёни тафтишотро ба мушкил рӯбарӯ мекунад.

Дар шарҳи ин масъала ба «Азия-Плюс» аз як ширкати мобилӣ изҳор намуданд, ки бо як шиноснома танҳо ду симкорт дода шуда, дар ҳамин ҳол, муштарӣ метавонад ба номи кӯдакони худ боз симкортҳои ловагӣ гирад, вале на бештар се симкорт.

«Барои ин муштариро зарур аст, ки шаҳодатномаи таваллуди кӯдакро пешниҳод намояд, - гуфтанд дар ширкат. - Симкортҳо танҳо ба кӯдакони синни аз 14-сола боло то 17-сола фурӯхта мешавад».

Ҳамчунин намояндагони ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, зимни бақайдгирии дубора ин чиз ба инобат гирифта нашудаааст, яъне муштариён ба сабти ҳамаи симкортҳои худ имкон доштанд.

Дар ҳамин ҳол, онҳо зикр мекунанд, ки чӣ гуна аз ҷониби муштарӣ истифода шудани симкорт, барои гуфтугӯ ё барои интернет муҳим нест ва агар як симкорт барои интернету як симкорти дигар барои гуфтугӯи телефонӣ бошад ҳам, муштарӣ симкорти дигар дастрас карда наметавонад.

Ҳамчунин қайд шуд, ки агар ошкор шавад, ки дар як ширкат ба номи 1 нафар 3 рақам сабт шуда бошад, яктои он қатъ шуда, вале чӣ гуна амалӣ шудани он алҳол маълум набуда, айни замон механизми амалисозии ин қарор таҳия мешавад.

Бино ба маълумоти ВАО, дар қабули қарори мазкур ҳукуматдорон натанҳо ба масоили амният, балки ба ҳимояи манфиатҳои ширкатҳои мобилӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, ки барои ҳар як рақам ҳар моҳ бояд 80 дирам (ҳудуди 9 сент) маблағ пардохт намоянд.

«Маблағи 80 дирам барои рақамро худи муштариён пардохт карда, агар шумо симкортатонро истифода набаред ҳам, аз он барои рақам 80 дирам ситонида мешавад ва дар ҳолати дар суратҳисоб мавҷуд набудани маблағ, мутаносибан шумо 80 дирам қарздор мешавед, - мегӯянд дар ширкатҳо. - Ин қарз афзудаву захира мешавад ва чун шумо рақамро фаъол кардед, дарҳол он ситонида мешавад».

Зимнан зикр гардид, ки агар муштарӣ дар муддати як сол симкорташро ягон маротиба истифода накарда бошад, рақами ӯ қатъ (бекор) шуда, пас аз ин ширкат онро дубора фурӯхта метавонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.