Шоҳрух Саизода, писари сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон таъин шуд. Аз 25 феврали соли 2016 ӯ муовини сардори ин Раёсат буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ба ин вазифа Шоҳрӯх Саидзода санаи 19 апрел таъин шуда, аммо расман танҳо имрӯз ин маълумот расонаӣ шуд. Дар ин мансаб ӯ собиқ сардори худ Набиҷон Исозодаро иваз кардааст, ки сардори ШВКД шаҳри Қӯрғонтеппа таъин шудааст.

Шоҳрух Саизода майори милитсия буда, тобистони имсол 31-сола мешавад. Ӯ узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти дастаи футболи «Истиқлол» мебошад. Ӯро ҳамчунин дӯсти наздики писари президенти мамлакат Рустами Эмомалӣ медонанд.  Соҳиби ду маълумоти олӣ - иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ буда, аз соли 2012 дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғули кор аст.

Дар сомонаи ВКД қайд мешавад, ки барои комёбиҳо дар фаъолияти хизматӣ Шоҳрух Саидзода бо медалу ифтихорномаҳо ва барои касбияти баланд бо нишони сарисинагии «Беҳтарин корманди оперативӣ» қадрдонӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.