Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 6-10 июл дар Тоҷикистон ҳавои хеле гарм пешбинӣ шуда, дар пойтахт ҳарорати то 45 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, обуҳавои гарм аз қаламрави Эрон, Туркманистон, Ӯзбекистон, имоли Афғонистон ва Нимҷазираи Араб ба Тоҷикистон меояд.

Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳо ҳарорат дар водиҳои навоҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд рӯзона 38-43 дараҷа, дар вилояти Хатлон - то 40-45, дар ноҳияҳои кӯҳӣ - 31-36 ва минтақаи баландкӯҳ- 19-24 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки болоравии беҳади ҳарорат дар ноҳияҳои кӯҳистону минтақаҳои баландкӯҳ ба обхезиву селфароӣ боис шуда метавонад. Дар дарёҳои Панҷ, Гунт, Зарафшон ва Вахш болоравии сатҳи об дар назар аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, ки боронҳои шадид бо бодҳои тӯфонӣ ва жолаи рӯзи 4-уми июли соли 2017  дар баъзе ноҳияҳои кишвар осеби ҷузъӣ расонд. Баъзе хонаводаҳо зарар диданд, дар манотиқи дигар ҳаракати мошинҳоро ба самти ноҳия муддате мутаваққиф кард. Зарари расида ҳисоб мешавад, ба зарардидагон кӯмак мерасад. Ситодҳои муштарак шабонарӯзӣ фаъоланд.