Дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Истаравшани вилояти Суғд содир гардидани 2 амали террористӣ тарҳрезӣ шуда буд.

Сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Шариф Назарзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки амали террористӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро ҷинояткорон аз хориҷи кишвар роҳбарӣ мекардаанд.

“Кормандони мо як сокини вилоятро, ки бо ин гурӯҳ робита дошт, дастгир ва чор нафар ҳаммаласкони ӯро дар қаламрави кишвари хориҷӣ боздошт намуданд, - гуфт ӯ. - Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст”.

Ба қавли ӯ, дар шаҳри Истаравшан аз амали дигари террористӣ пешгирӣ шуда, аз ҷинояткорон аслиҳа мусодира ва онҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҳадафи амали террористӣ қарор дода будаанд.