Аввали ҳафтаи оянда дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бо иштироки ҳамаи қисмҳои низомии гарнизони Суғд, кормандони сохторҳои қудратӣ ва афсарону сарбозони эҳтиётӣ аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят тамринҳои низомӣ оғоз мегарданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, тамринҳо аз 14 то 17 август дар ду машқгоҳи Суғд - Чоруқдарон ва Нурафшон баргузор мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, тамринҳои мазкур бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ба он 10 адад авиатсияи ҷангӣ, 200 адад техникаи зиреҳпӯш, 70 адад дастгоҳу таҷҳизоти артиллерия ва 450 адад автомобилҳои ҳарбӣ сафарбар мешаванд.

Ба ҷузъу томҳое, ки дар ин тамринҳо иштирок мекунанд, шахсан вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо фармондеҳӣ хоҳад кард.

Дар тамринҳо тарзу усулҳои муҳосира ва несту нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпешаи ба қаламрави вилоят воридшуда, масъалаҳои ташкили мудофиаи қаламрав ва сафарбарии афсарону сарбозону эҳтиётӣ мавриди таҷрибаву омӯзиш ва амал қарор дода мешаванд.